Хайрулло Мирсаидов: "Чаро баргардам? Барои дар зиндон нишастан?"
     TJ RU EN
01:37 / 2024-12-21

Хайрулло Мирсаидов: "Чаро баргардам? Барои дар зиндон нишастан?"

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон, таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтааст. Ӯ ҳоло дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад. Мақомоти Тоҷикистон Мирсаидовро барои сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ ва тарки маҳалли зист ғоибона ба ҳашт моҳи зиндон маҳкум кардаанд ва ӯ дар сурати боздошт ба зиндон интиқол хоҳад ёфт.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Хайрулло Мирсаидов, рӯзи 11-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ барои табобат ба Гурҷистон рафта буд, вале додгоҳи вилояти Суғд "узрнок" будани сафари ӯро напазируфтааст.

"Қарори додгоҳ дар бораи 8 моҳ ҳабси Хайрулло Мирсаидов аз шашуми феврал ба иҷро даромад ва ҳоло ӯ дар кофтукоб аст", - афзуд ӯ.

Қаблан вакили мудофеъ аз Додгоҳи вилояти Суғд хоста буд, ки қарори 8 моҳ ҳабси Мирсаидовро бекор кунад. Бахтиёр Насруллоев гуфт, "нафари таҳти ҳимояти ман соли гузашта нӯҳ моҳ дар зиндон буд. Баъди раҳоӣ барои табобат ва барқарории саломат ба Гурҷистон рафт. Ин ҳолат узрнок дониста мешавад ва набояд нисбат ба ӯ ҷазо таъйин гардад."

Худи Хайрулло Мирсаидов, ки феълан дар хориҷ қарор дорад, қазияашро аз аввал "яктарафа" ва "ғайриқонунӣ" хонд. Вай дар як тамоси хаттӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаи ин кор фармоишӣ аст. Маро ғоибона ва ғайриқонунӣ ҳукм карда, кофтукобро сар кардаанд. Пас, фармоишгар як ҳадаф дорад - зиндонӣ кардани ман."

Мирсаидов дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ, ки оё қасди бозгашт ба Тоҷикистонро надорад, гуфт, "барои чӣ? Барои дар зиндон нишастан?"

Қазияи Хайрулло Мирсаидов тақрибан ду сол боз идома дорад. Мирсаидов моҳи декабри соли 2017 боздошт ва моҳи июли соли гузашта бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Боздошти ӯ баъди он сурат гирифт, ки хабарнигори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ раиси собиқи идораи ҷавонони вилояти Суғдро ба талаби "пора" муттаҳам кард.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми августи 2018 Мирсаидовро аз зиндон озод кард, вале доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Хайрулло Мирсаидов ба пардохти 78 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима ва инчунин ду сол корҳои ислоҳӣ муваззаф шуд.

Мирсаидов ин ҷаримаро пардохт карда, аз кишвар берун рафт. Нозирони иҷрои ҷазо бо норизоиятӣ аз онки Мирсаидов бидуни огоҳӣ маҳалли зисти худро тарк кардааст ба додгоҳ шикоят бурданд ва рӯзноманигор ғоибона ба 8 моҳи ҳабс маҳкум шуд.

https://www.ozodi.org/a/29763154.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима